Имкони зиндагии нав дар дасти туст!

Имкони зиндагии нав дар дасти туст!

Сабти видеои иҷтимоӣ “Имкони зиндагии нав дар дасти туст!”, ки ба масъалаҳои  барқарорсозии мавқеи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодшуда бахшида шудааст, ба табъ расид. Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодгашта», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии Олмон доир ба ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ба роҳ монда шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мешавад.


bhr