
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
Дар Тоҷикистон давраи омӯзишии марбут ба Шарҳи Универсалии Давраӣ (ШУД) оғоз ёфт
Душанбе, 10 июни соли 2025 — 9 июни соли 2025 дар Тоҷикистон расман давраи якҳафтаинаи чорабиниҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Шарҳи Универсалии Даврӣ ҳамчун воситаи таҳкими ҳуқуқи инсон: равишҳо ва ӯҳдадориҳо» оғоз гардид. Ин ташаббус намояндагони муассисаҳои калидии давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро гирди ҳам овард, ки нишонаи ӯҳдадории муштарак ба пешбурди рӯзномаи ҳуқуқи инсон дар кишвар мебошад.
Дар омӯзиш коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзиданд, аз ҷумла: ҷаноби Павло Бялик, мушовири минтақавӣ оид ба ШУД аз Раёсати Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ; ҷаноби Азамат Шамбилов, намояндаи Фонди байналмилалии пенетенсиарӣ ва иҷрои ҷиноятӣ (IPPF), коршиноси байналмилалӣ; хонум Элина Штейнерте, зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа, коршиноси байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти шартномавии СММ; ҷаноби Сӯҳроб Шоев, мушовири миллии барномаҳои Раёсати Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ; хонум Сафаргул Бухориева, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; ва хонум Тахмина Ҷӯраева, ҳамоҳангсози барномаҳои ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун».
Дар сухани ифтитоҳии худ хонум Бухориева аҳамияти ШУД-ро ҳамчун механизми калидии татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллати Тоҷикистон ҳамеша ба пешбурд, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онро яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ ва рушд муайян кардааст.
«Механизмҳои миллии ҳуқуқи инсон бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва татбиқи тавсияҳои ШУД дар доираи Нақшаҳои миллии амал амалӣ мешавад», — таъкид кард ӯ.
Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» хонум Наргис Зокирова ба нақши муҳимми ШУД дар системаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар доираи СММ ишора кард: «Аз соли 2011 инҷониб Тоҷикистон се давраи ШУД-ро бомуваффақият паси сар намуд. Баррасии давраи чоруми ШУД барои Тоҷикистон соли 2026 ба нақша гирифта шудааст ва аллакай ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ омодагии фаъолонаашонро оғоз кардаанд. Ҳадафи омӯзиши ҷорӣ — навсозии донишҳои иштирокчиён, мусоидат ба ҳамкории байнисоҳавӣ ва ҷалби самарабахши ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба раванди ШУД мебошад. Барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ омӯзиши махсус рӯзҳои 11–12 июн баргузор мегардад ва он низ иштироки коршиносони миллӣ ва байналмилалиро дар бар мегирад».
Ҷаноби Павло Бялик аз Раёсати Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ зарурати ҳамоҳангсозӣ ва фарогириро ҳангоми таҳияи гузориши миллӣ дар доираи ШУД таъкид кард:
«Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии ин раванд нақши марказӣ мебозад. Муваффақият дар ШУД бе ҷалби фаъолонаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҳамкории созанда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории зич бо агентии СММ ва шарикони байналмилалӣ номумкин аст. Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки моҳияти ШУД дар ҳама сатҳи идоракунӣ барои татбиқи тавсияҳои давраҳои гузашта аҳамияти калидӣ дорад».
Давраи омӯзишӣ бо баргузории семинари ҳамоҳангсозӣ рӯзи 13 июн ҷамъбаст мешавад. Ин семинар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро гирди ҳам оварда, ҳадафаш таҳкими ҳамкорӣ миёни ин сохторҳо дар таҳияи гузориши миллӣ ва татбиқи тавсияҳои гирифташуда дар доираи ШУД мебошад.
Ин ташаббус аз ҷониби Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсонт Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунуният» дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ амалӣ мегардад. Омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риоя намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Тоҷикистон: мусоидат дар омода намудани давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Шарҳи Универсалии Даврӣ», бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария баргузор мешавад.
- 17 просмотров