Варақаи иттилоотӣ оиди бомуваффақият анҷом ёфтани машваратҳои миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ дар Тоҷикистон

Варақаи иттилоотӣ оиди бомуваффақият  анҷом ёфтани машваратҳои миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ дар Тоҷикистон

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Дар Тоҷикистон машваратҳои миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ  бомуваффақият анҷом ёфтанд

Душанбе, Тоҷикистон — 15 августи соли 2025

Дар Тоҷикистон машваратҳои миллии сатҳи баланд, ки ба дар доираи омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ (ШУД) Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, анҷом ёфтанд. Силсилаи вохӯриҳо моҳи май дар шаҳри Бохтар оғоз гардида, моҳи июн дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт ва бо машварати миллии хотимавӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Дар муҳокимаҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.

Гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ШУД дар машваратҳои миллӣ бо чунин ҳайат намояндагӣ кард: Орзузода Фирўз – сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобозода Умед – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобокалонова Насиба Иброҳимовна – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шоҳиён Наврўз – сардори шуъбаи ҳуқуқи кўдаки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар суханронии худ, Раиси шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Идораи кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хокимбек Содиқзода, таъкид намуд, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсон яке аз авлавиятҳои Тоҷикистон мебошанд. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Фаъолияти имрӯза, ки ба омодагӣ ба давраи чорумии баррасии ШУД бахшида шудааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Агар ба Нақшаи Миллӣ муроҷиат намоем, дида мешавад, ки он бахшҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсонро фаро мегирад, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди қонунгузории миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа. Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудааст.

«Ҳамаи Нақшаҳои Миллӣ, ки дар доираи Созмонҳои шартномавии СММ ва ШУД таҳия шудаанд, инчунин гузоришҳои миллӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ муҳокима мешаванд. Дар ҳангоми тайёр кардани онҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои воридшуда ба назар гирифта мешаванд. Бо истифода аз фурсат, миннатдории худро барои ҳамкории зич ва дастгирӣ дар ин кори муҳим баён менамоям», — иброз дошт ӯ дар натиҷа.

Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова зикр намуд, ки аз соли 2010 инҷониб Тоҷикистон дар раванди ШУД иштирок намуда, то имрӯз се даврро бомуваффақият гузаштааст. «Нақшаҳои миллии иҷрои тавсияҳо, ки дар доираи се даври ШУД таҳия шудаанд, дар сатҳи баландтарин — аз ҷониби Президенти кишвар — тасдиқ гардидаанд, ки ин гувоҳи иродаи қавии Тоҷикистон барои риояи принсипҳои ҳуқуқи инсон мебошад», — таъкид намуд Н. Зокирова.

Дар сухани ифтитоҳии худ Франтсиска Фёгтли, муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, изҳор дошт: «Швейтсария аз татбиқи, аз ҷумла, меъёрҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамояд. Афзалиятҳои Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон баробарӣ ва таҳкими ҳама гуна шаклҳои ҳимоя мебошад. Таҳияи нақшаҳои миллии амал бар асоси даврҳои ШУД ба роҳнамоии муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар талошҳои муштараки онҳо оид ба ҳифз мусоидат намуд. Ҳамкории мо бо ҷомеаи байналмилалӣ ифодаи содиқонаи Швейтсария ба дастгирии ислоҳот, омодагии мо ба муколама ва эътиқоди мо мебошад».

Амирбек Саидбеков, менеҷери барномавии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, аҳамияти машваратҳоро барои омода намудани ҳисоботҳои миллӣ ва алтернативӣ таъкид намуд, зеро созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ овози бенефисиарҳоро мерасонанд. Ӯ ҳамкории зичи ИА бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон қайд кард.

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами дар паёми видеоии худ зикр намуд, ки раванди ШУД ба густариши таҷрибаи қабули нақшаҳои амалии соҳаҳои гуногун барои иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои шартномавии СММ мусоидат намудааст.


«Ҳуҷҷатҳои муҳими миллӣ, ба мисли Стратегияи миллии соҳаи ҳуқуқи инсон то соли 2038, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва дигар санадҳо дар натиҷаи раванди ШУД таҳия ва қабул шудаанд. Ғайр аз ин, тасдиқи як қатор конвенсияҳо, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон (КҲМ), дар доираи давраҳои дуюм ва сеюми ШУД тавсия шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ман бо исрор даъват менамоям, ки ҳукумат ҳарчи зудтар имсол КҲМ-ро тасдиқ намояд», — таъкид кард ӯ.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳисоботҳо шунида шуда, масъалаҳое, ки ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод гардиданд, баррасӣ шуданд. Онҳо ба ҷанбаҳои гуногуни риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар дахл доштанд. Иштирокдорон мавзӯъҳое чун ҳуқуқ ба сатҳи муносиб ва шоистаи зиндагӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба манзил, истиқлолияти низоми судӣ ва дастрасӣ ба адолати судӣ, таъмини дастрасӣ ба иттилоот, вазъи гурӯҳҳои осебпазир ва дигар масъалаҳои муҳимро бардоштаанд.

Ташкилкунандагони машваратҳои миллӣ Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» мебошанд, ки дар доираи лоиҳаҳои зерин амалӣ мегарданд:

«Мусоидат ба риоя намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Тоҷикистон: мусоидат дар омода намудани давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Шарҳи Универсалии Даврӣ», — бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария;

«Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», — бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва бо ҳаммаблағгузории Раёсати Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ.

Ёдрас мешавем, ки даври сеюми Шарҳи Универсалии Даврӣ оид ба Тоҷикистон 4 ноябри соли 2021 баргузор гардид. Дар натиҷа, Тоҷикистон 234 тавсия аз ҷониби 80 кишвар дарёфт намуд: 172 тавсия қабул ва 62 тавсия ба инобад гирифта шуданд.

Омодагӣ ба даври чорумин, ки дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, бо иштироки фаъолонаи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом дода мешавад.

 

 

BHR