Соҳибкории иҷтимоӣ ва равандҳои рушди он дар Тоҷикистон

Чӣ тавр метавон кор карду ҳамзамон аз пайи омӯзиш шуд? Оё мешавад, ки дар самти хизматрасонӣ кор кардаву ба дигарон оид ба ҳуқуқҳои инсон ва дарки баробарии иҷтимоӣ иттилоъ дод? Оё роҳҳои ворид кардани навгониҳо ба тиҷорату имкони ҷалби ашхоси дилсӯзу ғамхор дар ин самт вуҷуд доранд?

Ҳамаи инро метавон дар коре пайдо кард на танҳо ба хотири ба даст овардани маблағу фоида, балки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа равона шудааст ва он ҳам соҳибкории иҷтимоӣ аст.

Соҳибкории иҷтимоӣ - тавлиди молу ашё ё хизматрасонӣ бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ буда, корхонаҳои иҷтимоӣ метавонанд хурду калон, байналмилалию маҳаллӣ бошанд, аммо ҳамаи онҳоро ҳалли мушкилоти  иҷтимоӣ тавассути истифодаи усулҳои гуногуни тиҷорат муттаҳид мекунад.

Ҳарчанд аввалин корхонаҳои иҷтимоӣ дар асри 19 пайдо шуда бошанд ҳам, бори аввал мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» аз ҷониби Муҳаммад Юнус, тоҷире аз Бангладеш, таъсисдиҳандаи бонки Грамин ва барандаи ҷоизаи Нобел шарҳ дода шудааст.

Муҳаммад Юнус ҳафт принсипи соҳибкории иҷтимоиро чунин тавзеҳ медиҳад:

- ҳадафи тиҷорат барои коҳиш додани камбизоатӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа аст, на ба даст овардани фоидаи калон аз ҳисоби тиҷорат;

- устувории молиявӣ ва иқтисодӣ;

- сармоягузорон маблағи худро бармегардонанд, аммо бе фоизи иловашуда;

- пас аз баргардонидани маблағи саромоягузорон, фоидаи ширкат барои рушди минбаъдаи он ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ истифода мешавад;

- масъулияти зистмуҳитӣ (экологӣ);

- коргарон музди меҳнати мувофиқ ба бозори меҳнат гирифта, дар шароити беҳтаршудаи корӣ фаъолият мекунанд;

- …ва кори таъби дили худро иҷро мекунанд.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ соҳибкории иҷтимоӣ аввалин қадамҳои худро солҳои 2000-ум гузошта ва имрӯзҳо он бештар дар самтҳои кӯмак ба ашхоси имконияташон маҳдуд ва хатмкунандагони хонаи кӯдакон, ятимон, нафарони камбизоат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад.

Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун» дар якҷоягӣ бо Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва кӯмаки намояндагии Маркази байналхалқии ғайритиҷоратии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи таҷрибавиеро барои таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ тарҳрезӣ карданд. Дар доираи лоиҳаи зикршуда гурӯҳи мутахассисон аз ҷумлаи намояндагони вазорати адлия, вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони парлумон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.

«Дар доираи лоиҳа, таҳлили ҳуқуқӣ ва иқтисодии имкониятҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва гурӯҳи коршиносон лоиҳаи «Консепсияи рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон»-ро таҳия намуданд. Лоиҳаи Консепсия ба як қатор мақомоти давлатӣ фиристода шуда, баҳои мусбат гирифт ва имсол мо ин ҳуҷҷатро дар нишастҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ карда, мехоҳем барои такмили он фикру ақидаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба даст орем», - гуфт Наргис Зокирова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун».

Ба иттилои матахассисони гурӯҳи корӣ, мақсади Консепсияи мазкур дар заминаи қонунӣ фароҳам овардани шароити муфид барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла: занони танҳо, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ятимон, ашхоси камбизоати кишвар, ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз ҷониби ҷомеа равона шудааст.

«Дар кишвар 157 ҳазор оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумул ҳудуди 15% (57 ҳазор оила) дар ҳолати вазнини нодорӣ қарор дошта, маблағи даромади онҳо дар як рӯз камтар аз 10 сомониро ташкил медиҳад. Бинобар ин, рушди соҳибкории иҷтимоӣ метавонад вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии оилаҳои камбизоатро дар кишвар беҳтар кунад», - мегӯяд Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои ҳамсӯҳбати мо, дар ду соли охир барои дастгирии соҳибкорон 5 миллиард сомонӣ сабукии андозӣ ва гумрукӣ пешбинӣ шуда буд, аммо барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ ва рушди соҳибкории иҷтимоӣ бояд як қонуни мукаммал дар ин самт таҳия ва ба тасвиб расад. Ин андешаро Сарвар Ҳолиқзода, сардори Идораи қонунгузорӣ оид ба конститутсия, дифоъ ва амнияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мегӯяд, дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» вуҷуд надорад, бинобар ин дар марҳилаи аввал бояд ин мафҳум ба қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар ворид карда шавад.

«Барои дохил кардани мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ, бояд дар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Инчунин беҳтар аст, агар дар ин самт қонуни алоҳида ба тасвиб расад, чунки соҳибкории иҷтимоӣ метавонад дар баробари тиҷорат буданаш, як қатор мушкилоти ҷомеро ба гунае ҳал намояд», - иброз медорад Сарвар Холиқзода.

Қаҳвахонаи «Дар як замин» ва студияи «iTavono» (Ман тавоно), ки аз сӯи созмони ҷамъиятии «Ирода» таъсис дода шудаанд, яке аз беҳтарин намунаҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Лола Насриддинова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» мегӯяд, мақсади қаҳвахонаи «Дар як замин» дастгирӣ ва рушди тифлон ва ҷавонони дорои мушкилоти рушди зеҳнӣ ва аутизм аст.

«Идеяи пайдо шудани қаҳвахонаи мазкур аз ҳунари моҳирона омода кардани маҳсулоти қаннодии ҷавонони маркази мо, ки дорои махсусиятҳо дар рушди тафаккур ҳастанд, шурӯъ шуд. Шарикони амрикоии мо «Реалити Китчен Нонпрофит» таҷрибаи худро ба мо омӯхтанд ва ин аст, ки имрӯз Қаҳвахонаи ҷамъиятӣ-тренингии мо фаъолият мекунад. Дар қаҳвахонаи мо дар баробари дар сатҳи касбӣ омода шудани шириниҳо бо меҳнат ҷавонони дорои махсусиятҳо дар рушди тафаккур ва аутизм ба меҳмонон низ худи онҳо хизматрасонӣ мекунанд», - мегӯяд Лола Насриддинова.    

Ҳамсӯҳбати мо ба ин бовар аст, ки ҳар як шахс новобаста аз мавқеи ҷамъиятӣ ва имкониятҳои ҷисмонӣ ё ақлониаш метавонад дар худ истеъдод ва ҳунарҳое, ки Офаридгор барояш ато кардааст, барои пешбурди зиндагии хеш ва ҷамъият истифода барад. Ба қавли ӯ, ҳамаи маблағҳое, ки аз ҳисоби қаҳвахонаи «Дар як замин» ба даст меояд барои пешбурди дигар корҳои ташкилот масраф мешаванд. Тавре Лола иброз медорад: «Вақте мо майлу хоҳиши ҷавонони ташкилоти худро дар истифодаи технологияҳои нав дидем, тасмим гирифтем, ки студияи полиграфии «iTavono» таъсис диҳем. Ин студия як платформаи инклюзивӣ барои дастгирӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонони аз синни 18 то 30 сола, ки дорои аутизм ва дигар нуқсон дар рушди тафаккур ҳастанд, ба шумор меравад».

Шодибек Қодиров, директори ташкилоти ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» бар он аст, ки соҳибкории иҷтимоӣ метавонад се мушкили асосии ҷомеа, аз ҷумла: таъмини гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа – шахсони дорои маъюбият, модарони танҳо, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва амсоли инҳо, бо ҷойи кор; мусоидат дар ҳидояти касбӣ ва шуғл, ҳамчунин мустақилона; рушди хизматрасонии иҷтимоӣ ва интегратсияи гурӯҳҳои осебпазир дар ҷомеаро ҳал кунад.

«Ба шарофати рушди соҳибкории иҷтимоӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, дар истеҳсоли молу ашё ва самти хизматрасонӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷониби дигар, таъмини шуғли гурӯҳҳои дар боло зикршудаи аҳолӣ ҳамчун якпорчагии иҷтимоӣ ва имкони гирифтани даромад дар шакли музди меҳнат мебошад, ки ин ҳам ба манфиати давлат аст», - илова кард, Шодибек Қодиров. 

Ба андешаи мутахассисон як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки соҳибкорони иҷтимоӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва ин пеш аз ҳама, аз сабаби баланд будани фоизи бонкҳо, дастнорасии захираҳои молиявӣ ва қарзӣ мебошад. Мутахассисон бар онанд, ки дар ибтидо барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва ташаккулу рушди соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст, ки аз ҷониби давлат қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат, ташкили фондҳои кӯмак, имтиёзҳои андозсупорӣ ва содда кардани тартиби ташкили корхонаи иҷтимоӣ ба инобат гирифта шавад.

Дар натиҷаи ду нишасти ҷамъиятие, ки дар доираи лоиҳаи “Пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд моҳҳои июн ва июли соли ҷорӣ баргзор шуд, иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дар лоиҳаи Консепсияи соҳибкории иҷтимоӣ мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад, дар қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мафҳуму маънии «соҳибкорӣ» аз «соҳибкории иҷтимоӣ» ба таври возеҳ ва фаҳмо ҷудо карда шавад, ба хоҷагиҳои деҳконӣ статуси соҳибкории иҷтимоӣ дода шавад, барои муҳоҷирони баргашта имтиёзҳо дода шавад, то онҳо тавонанд таҷрибаи соҳибкории иҷтимоии омӯхтаашон аз дигар давлатҳоро дар кишвар ҷорӣ кунанд, ба худи соҳибкорони иҷтимоӣ имтиёзҳо дода шуда, андозбандӣ кам карда шавад, барои табодули назар ва таҷриба ҳамасола форуми соҳибкорон бо қонунбаророн баргузор гардад.  

 

М.Нозими

BHR