ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва намояндагии Институти ҳамкориҳои байналмиллалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар ҶТ оид ба муаррифӣ ва баррасии Гузориши алтернативии факултативӣ оид ба татбиқи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, алалхусус риояи ҳуқуқҳои занони аз маҳбас озодшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар гузарониданд.
Гузориш маълумоти давраи солҳои 2013-2018-ро дар бар мегирад. Дар гузориш чунин масъалаҳо ба мисли чаҳорчубаи ҳуқуқӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ, гирифтан ва барқарор намудани ҳуҷҷатҳо, адами табъиз, ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқ ба манзил оварда шудааст. Дар ҳар банди Гузориш бо мақсади беҳтар намудани шароити занҳои пас аз иҷрои ҷазо тавсияҳо дода шудаанд. Дар омода намудани Гузориши мазкур чунин ташкилотҳои ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ТҶ «Ҷаҳон», ФҶ «Интихоби Шумо», ва ТҶ «ИНИС» иштирок намуданд.
«Дар гузориш масъалаҳое баррасӣ шудаанд, ки нафарони аз маҳбас озодшуда бештар рў ба рў мешаванд. Дар навбати худ занҳо табъизи дукарата мешаванд, аввал аз ҳисоби ҷинсашон ва дуввум аз ҳисоби маҳкумшуда буданашон. Баъд аз озод гардиданашон баргаштани онҳо ба оила ва ҷомеа душвортар аст, бештар бо мушкилоти пайдо намудани ҷойи кор ва манзил дучор мешаванд. Ҷомеа ва оила ба чунин занҳо бо таҳқир назар мекунад. Аз ин лиҳоз кумак ва дастгирӣ аз ҷониби давлат бисёр муҳим мебошад то онҳо дубора даст ба ҷиноят назананд, - гуфт директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Наргис Зокирова. Шумо ҳамчунин метавонед дар сомонаи www://bhr.tj/library бо матни гузориш шинос шавед.
Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқи маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда», бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушди ва ҳамкории иқтисодӣ амалӣ шудааст. Лоиҳаи аз ҷониби намояндагии Институти ҳамкориҳои байналмиллалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар ҶТ дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мешавад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Наргис Зокирова бо телефони (+992 37) 2244145, ё бо суроғаи электронии: bhr.taj@gmail.com муроҷиат кунед.