
Лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба табдили ҷомеа ва маҳбасҳо дар Тоҷикистон ёрӣ мерасонад
Душанбе, 01.04.2025 – Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи нави «Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» оғоз ёфт. Лоиҳа ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо шиканҷа равона шудааст. Лоиҳаро ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятӣ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии «Prison Insider» амалӣ менамояд. Ин ташаббусро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад.
Мақсади асосии лоиҳа – пешгирии шиканҷа ва таъмини ҷавобгарӣ барои он мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, ташкили механизми миллии пешгирикунанда ва мусоидат ба Тоҷикистон дар батавсибрасонии созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо шиканҷа пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа инчунин ба ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ мусоидат хоҳад кард, то шумораи маҳкумшудагон коҳиш дода шавад ва хидматҳои пробатсионӣ ҳамчун алтернатива ба ҳабси ҷиноятӣ рушд ёбанд. Инчунин, хизматрасониҳои барқарорсозӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудаанд. Илова бар ин, барои такмили фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар масъалаҳои бехатарии ташкилотӣ ва рақамӣ барномаҳои таълимӣ баргузор карда мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳими лоиҳа – ёрӣ ба Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии он оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, аз ҷумла омодагӣ ба Шарҳи Универсалии Даврии – механизми арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар.
Ташкилотҳое, ки дар татбиқи ин лоиҳа иштирок мекунанд, таҷрибаи васеъ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон доранд ва фаъолона ба раванди ислоҳот дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Наргис Зокирова, тамос гиред: zokirovan@gmail.com.
Лоиҳаро амалӣ менамояд:
ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» |
Иттиҳоди Аврупо
|
Дар бораи Иттиҳоди Аврупо: Иттиҳоди Аврупо як иттиҳоди иқтисодӣ ва сиёсист, ки 27 кишвари аврупоиро муттаҳид мекунад. Он ба арзишҳои эҳтироми шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи ақаллиятҳо, асос ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият намуда, ба рушди устувори ҷомеа, муҳити зист ва иқтисод мусоидат мекунад, то ҳамаи шаҳрвандон аз он баҳра баранд. Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳар сол тақрибан 35 миллион евро ёрии рушд пешниҳод мекунад.
|
- 17 views