
Дар Тоҷикистон омӯзишҳо оид ба идоракунии ташкилотӣ барои созмонҳои ҷомеъаи шахрвандӣ оғоз шуданд
Душанбе, 7 майи соли 2025 — Дар Тоҷикистон як қатор омӯзишҳо барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони: «Баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи идоракунии ташкилотӣ» оғоз гардид. Омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баргузор мешаванд.
Лоиҳа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятӣ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии «Prison Insider» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад.
Дар доираи омӯзишҳо мавзӯъҳое ба монанди: оинномаи ташкилот, ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузорӣ, муносибатҳои меҳнатӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фарқияти шартномаҳои меҳнатӣ ва хизматрасонӣ, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, низоми андозбандӣ дар ТҶ, амнияти рақамӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти самараноки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ марбутанд, муҳокима мешаванд.
Омӯзишҳо аз 5 то 8 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ташкилотҳоро аз пойтахт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро фаро мегиранд.
«Мақсади омӯзишҳо баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар соҳаҳое, чун фаъолияти оинномавӣ, коргузорӣ, танзими андоз ва амнияти рақамӣ мебошад. Пас аз анҷоми омӯзишҳо, мутахассисони мо дар давоми ду сол ба иштирокчиён машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд ва онҳоро дар мутобиқсозии ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо талаботи қонунгузорӣ ёрӣ мерасонанд», — гуфт директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова.
Омӯзишҳои шабеҳ барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд дар моҳҳои май ва июн баргузор мегарданд.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Наргис Зокирова, тамос гиред: zokirovan@gmail.com.
Лоиҳаро амалӣ менамояд:
ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» |
Иттиҳоди Аврупо
|
Дар бораи Иттиҳоди Аврупо: Иттиҳоди Аврупо як иттиҳоди иқтисодӣ ва сиёсист, ки 27 кишвари аврупоиро муттаҳид мекунад. Он ба арзишҳои эҳтироми шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи ақаллиятҳо, асос ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият намуда, ба рушди устувори ҷомеа, муҳити зист ва иқтисод мусоидат мекунад, то ҳамаи шаҳрвандон аз он баҳра баранд. Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳар сол тақрибан 35 миллион евро ёрии рушд пешниҳод мекунад. |
- 10 views