Варақаи иттилоотӣ оид ба оғоз кардидани лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ислоҳи низоми махбасҳо дар Тоҷикистон

Варақаи иттилоотӣ оид ба оғоз кардидани лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ислоҳи низоми махбасҳо дар Тоҷикистон

Дар Душанбе лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ислоҳи низоми махбасҳо дар Тоҷикистон оғоз гардид

      Душанбе, 16 апрели соли 2025 — 15 апрел дар пойтахти Тоҷикистон маросими расмии оғози лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баргузор шуд. Лоиҳа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси Ҳуқуқӣ» ва ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи инсон аз Фаронса «Prison Insider» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.

     Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон бо оғози лоиҳа, омӯзиши аввалин барои гурӯҳи мониторинги назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ба боздид аз ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудкунии озодӣ дар доираи модели пилотии Механизми миллии пешгирӣ (ММП) «Омбудсмен+» бахшида шудааст.

     Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии лоиҳа пешгирии шиканҷа ва таъмини ҷавобгарӣ барои чунин қонуншиканист: «Лоиҳа ба таъсиси як механизми муассири миллии пешгирӣ ва дастгирии Тоҷикистон дар тасдиқи созишномаҳои байналмилалӣ алайҳи шиканҷа нигаронида шудааст. Шарикони стратегии мо – дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, инчунин ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошанд».

    Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода дар суханронии худ муҳимияти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиро таъкид намуд: «Ҳанӯз соли 2013 бо ташаббуси мо гурӯҳи мониторингӣ таъсис дода шуд, ки аз он замон то имрӯз 149 маротиба ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ташриф овардааст. Ин фаъолият ба пешбурди ҳуқуқи инсон ва ташаккули замина барои механизми комили миллии пешгирӣ мусоидат мекунад».

    Сафир ва Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Ӯ зикр намуд: «Тасдиқи Протоколи иловагии Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва таъсиси ММП — унсурҳои калидии муборизаи самаранок бо шиканҷа мебошанд. Қувватбахш аст, ки ин қадамҳо ба Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон шомил гардидаанд. Иттиҳоди Аврупо бо тамоми қувват ин равандро тавассути ёрии техникӣ ва коршиносӣ дастгирӣ мекунад».

Сафир хотиррасон кард, ки аз соли 2020 Иттиҳоди Аврупо ба низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон ёрӣ мерасонад, аз ҷумла ба таҳияи стратегияи ислоҳот ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ: «Мо шодем, ки стратегия дар амал татбиқ шуда, ба беҳтар шудани шароити нигоҳдорӣ, дастрасӣ ба таҳсил, хизматрасонии тиббӣ ва барномаҳои бозсозишавии маҳбусон мусоидат мекунад».

 

    Зимни баргузории чорабинӣ, муовини раиси Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа Элина Штейнерте дар реҷаи видеопайвастшавӣ ширкат варзид. Ӯ аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Протоколи иловагиро таъкид намуда, аз баргузории омӯзиш пуштибонӣ кард: «Ин ҳуҷҷат барои пешгирии шиканҷа тавассути боздидҳои мунтазами пешгирӣ равона шудааст. Оғози омӯзиши гурӯҳҳои мониторингӣ — қадами муҳим дар тақвияти механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад».

    Дар доираи чорабинӣ 15–16 апрел омӯзиши дурӯза барои гурӯҳи пилотии мониторинги ММП баргузор гардид. Омӯзиш тибқи модели «Омбудсмен+» бо иштироки коршиноси байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа Азамат Шамбилов (IPPF) ва намояндагони Prison Insider гузаронида шуд.

    Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова тавассути почтаи электронии zokirovan@gmail.com тамос гиред.

 

 

Лоиҳаро амалӣ менамояд:

 

 

ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»
Хиёбони Рӯдакӣ 137, ҳуҷраи 607
734003 Душанбе, Тоҷикистон
Телефон: (+992 37) 224 41 45
Вебсайт:
www.bhr.tj
E-mail: bhr.taj@gmail.com

    

 Лоиҳаро маблағгузорӣ мекунад:

 

Иттиҳоди Аврупо
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кӯчаи Адҳамова 74
734013 Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: (+992 37) 221 74 07, 227 10 24
Факс: (+992 37) 221 43 21
E-mail:
Delegation-Tajikistan Pic@eeas.europa.eu

 

web-clip-wide-3  twitter icon fb_icon_325x325 

Дар бораи Иттиҳоди Аврупо:

Иттиҳоди Аврупо як иттиҳоди иқтисодӣ ва сиёсист, ки 27 кишвари аврупоиро муттаҳид мекунад. Он ба арзишҳои эҳтироми шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи ақаллиятҳо, асос ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият намуда, ба рушди устувори ҷомеа, муҳити зист ва иқтисод мусоидат мекунад, то ҳамаи шаҳрвандон аз он баҳра баранд. Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳар сол тақрибан 35 миллион евро ёрии рушд пешниҳод мекунад.

 

BHR