Варақаи иттилоотӣ оид ба оғоз ёфтани дар Тоҷикистон машваратҳои миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ

Варақаи иттилоотӣ оид ба оғоз ёфтани дар Тоҷикистон машваратҳои миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ

 

 

Дар Тоҷикистон машваратҳои миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ оғоз ёфтанд

Душанбе, Тоҷикистон — 14 майи соли 2025

Дар Тоҷикистон машваратҳои миллии сатҳи баланд дар доираи омодагӣ ба даври чорумин баррасии Шарҳи Универсалии Даврӣ (ШУД) Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардиданд. Машваратҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мешаванд.

Гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ШУД дар машваратҳои миллӣ бо чунин ҳайат намояндагӣ мекунад: Орзузода Фирўз – сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобозода Умед – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобокалонова Насиба Иброҳимовна – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шоҳиён Наврўз – сардори шуъбаи ҳуқуқи кўдаки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати аввал 14 май дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд. Дар рафти мулоқот аъзои гурӯҳи корӣ маълумот оид ба иҷрои тавсияҳои қаблан қабулкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даври гузашта пешниҳод намуданд.

Дар суханронии худ Фируз Орзузода, сардори Сарраёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид намуд, ки Шарҳи Универсалии Даврӣ (ШУД) механизми нави Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки барои баҳо додани мунтазами вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳамаи кишварҳои аъзои СММ равона шудааст. Ҳар як давлат дар ҳар чоруним сол чунин арзёбӣ мегузаронад. Тоҷикистон се даври ШУД-ро бомуваффақият паси сар намуд ва айни замон ба даври чорум омодагӣ мебинад.

«Тоҷикистон ҳисоботҳои миллии худро дар доираи ШУД дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд. Баъди қабули тавсияҳо Нақшаи миллии амалҳо барои татбиқи онҳо бо иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таҳия карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, № АП-350 тасдиқ шудааст, ки ин нишонаи содиқ будани кишвар ба риояи ҳуқуқи инсон мебошад», — зикр намуд Фируз Орзузода.

 

Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова зикр намуд, ки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар раванди ШУД нақши муҳим мебозанд, зеро иштироки онҳо яке аз принсипҳои асосии фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

«Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон на танҳо дар худи раванди ШУД бо омодагӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳои алтернативӣ фаъолона иштирок мекунад, балки дар раванди мониторинги иҷрои тавсияҳо ва уҳдадориҳои байналмилалии кишвар низ саҳми назаррас мегузорад. Қайд кардан лозим аст, ки ҳар сол сатҳи огоҳӣ дар бораи раванди ШУД дар саросари кишвар меафзояд, ки ин бо шарофати баргузории машғулиятҳои иттилоотӣ ва дигар чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ амалӣ мегардад ва ин як падидаи мусбат мебошад», — таъкид намуд Н. Зокирова.

Машваратҳои монанд 2 июн дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд) ва 23 июн дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд.

Ташкилкунандагони машваратҳои миллӣ Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» мебошанд, ки дар доираи лоиҳаҳои зерин амалӣ мегарданд:

«Мусоидат ба риоя намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Тоҷикистон: мусоидат дар омода намудани давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Шарҳи Универсалии Даврӣ» — бо дастгирии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон;

«Пешбурди ҳуқуқҳои бунёдӣ: тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» — бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки даври сеюми Шарҳи Универсалии Даврӣ оид ба Тоҷикистон 4 ноябри соли 2021 баргузор гардид. Дар натиҷа, Тоҷикистон 234 тавсия аз ҷониби 80 кишвар дарёфт намуд: 172 тавсия қабул ва 62 тавсия рад карда шуданд.

Омодагӣ ба даври чорумин, ки дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, бо иштироки фаъолонаи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом дода мешавад.

 

BHR