Идомаи талошҳо ҷиҳати беҳгардонии вазъи маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон

Идомаи талошҳо ҷиҳати беҳгардонии вазъи маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон

4-уми июни соли 2024 дар дафтари кории Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон нишасти сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози  лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” нишасти сеюм баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ шуда, тавассути Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” татбиқ мегардад. Дар кори нишаст ҳамоҳангсозони лоиҳа, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Кори нишаст бо сухани ифтитоҳии Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон шуруъ шуда, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” - Шаҳло Абдунабизода дар бораи таҳлили санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зерқонунии танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар самти омодасозии маҳкумшудагон барои ба озодӣ баромадан, гуфт.

Тибқи иттилои Абдунабизода, гуруҳи мутахассисон бо мақсади омода кардани маҳкумшудагон барои баромадан ба озодӣ, расонидани кӯмак ба онҳо ҷиҳати мутобиқсозии иҷтимоӣ ва пешгирии содир шудани ҷиноятҳои такрорӣ, таҳлили ҳамаҷониба баргузор намуда, дар натиҷа якчанд тавсияҳо барои ворид кардани таъғиру иловаҳо ба санадҳои қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд. “Бахусус, дар ҳуҷҷатҳои дохилии муассиссаҳои ислоҳии ҷазои ҷиноӣ, аз ҷумла дар хислатномаи маҳкумшуда дараҷаи инкишофи зеҳнӣ, устувории ҳиссиёт, муносибат бо дигар маҳкумшудагон ва худбаҳодиҳии маҳкумшудагон дарҷ карда шавад. Ҳамзамон фаъолияти равоншиносон дар муассисаҳои ислоҳӣ бояд ҷоннок карда шавад. Зеро роҳбари муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ дар асоси тавсияҳои равоншинос метавонад тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, санитарӣ, гигиенаи шахсӣ, риояи тартибот дар муассиса ва омӯзиши умумӣ ва касбии маҳкумшудагонро ба роҳ монад”, - таъкид намуд Абдунабизода.

Наргис Зокирова, роҳбари ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар маърӯзаи худ вобаста ба муваффақиятҳои собиқ маҳкумшудагон, ки дар доираи лоиҳа ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ, омӯзишӣ ва грантҳо барои ташкили тиҷорат пешниҳод шуда буд, баромад карда, гуфт: "Яке аз мушкилоти асосӣ барои бо кор таъмин намудани собиқ маҳкумшудагон - ин дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ ҳамаи корхонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ аз онҳо маълумотномаи доғи судӣ мепурсанд. Одатан, баъди пешниҳоди чунин маълумотнома, кордиҳандагон ин гуна шахсонро қабул намекунанд, ки боиси боз ҳам бекор мондани онҳо мешавад. Бекор мондани собиқ маҳкумшуда, боз як сабаби дур шудани ӯ аз ҷамъият мешавад, ки ин омили дубора ба ҷиноят даст задани онҳо мешавад. Ин раванд роҳи ҳалли худро бояд ёбад”.

Тавре Зокирова қайд намуд, яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилӣ - ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шудани собиқ маҳкумшудагон аст, ки дар доираи лоиҳа асосҳои ҳуқуқии пешбурди тиҷорат ва тартиб додани нақшаи тиҷоратӣ, давраҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. “Дар асоси он тибқи озмун ба 11 нафар иштирокчиён (аз ҷумла як нафар зан) аз минтақаҳои гуногуни мамлакат грантҳо дар шакли пешниҳоди таҷҳизоти корӣ дода шуд. Ҳоло ҳамаи онҳо фаъолияти хешро дар ин самт бомуваффақият пеш бурда, оилаашонро аз ҳамин манбаи даромад таъмин менамоянд”, - гуфт Н.Зокирова ва муҳимияти иштироку ҷалби бештари занону бонувони собиқ маҳкумшударо ба ин гуна чорабиниҳо таъкид намуд.

Дар идома, директори Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хосият Маҳмудова иброз дошт, ки то имрӯз зиёда аз 2700 нафар маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон аз курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла кафшергари газӣ, қаннодӣ, кандакорӣ, сохтмончӣ ва дигар ихтисосҳои қобили талаботи бозори меҳнат гузаштанд ва ин шумора то охири соли 2024 ба 5000 нафар расонида мешавад.

Зимни баргузории чорабинӣ аз фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкории бевоситаи онҳо бо сохторҳои давлатӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори қаноъатмандӣ шуд, зеро дар доираи он ҷонибҳои манфиатдор тавонистанд корҳои муҳимеро анҷом дода, ба маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон кӯмакҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва моддӣ расонанд. Дар охир, ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои муфид ироа шуданд.

BHR