Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ВАОи Тоҷикистон аз қабули тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии (КҲМ) ҶТ вобаста ба ҷавобгарии маъмурӣ барои паҳн намудани иттилооти бардурўғ дар телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма ва интернет нигарон буда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ба вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд, то тағйиротҳои мазкур қабул нагарданд, имзо нашаванд ва ба ҳукми қонун надароянд.
10-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тағйирот даровардан ба КҲМ ҶТ ва Кодекси ҷиноятии (КҶ) ҶТ овоз доданд, ки ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаву меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳудуди кишвар дар замони эпидемия тааллуқ дорад. Моддаи 374-и КҲМ барои дидаву дониста паҳн намудани иттилооти бардурўғ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, интернет ва дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ дар шароити пайдоиш ва паҳн гардидани бемориҳои барои инсон хатарнок ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мекунад.
Конститутсияи Тоҷикистон, уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки давлат онҳоро пазируфтааст ва қонунгузории миллии ҶТ ба ҳар як нафар озодии баён, матбуот, ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахборро кафолат медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии қариб ҳамаи созишномаҳои асосӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) аст, ки ҳуқуқ ба озодии баёнро кафолат медиҳанд.
Кумита оид ба ҳуқуқи инсон дар мулоҳизоташ ба моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ зикр намудааст, ки озодии баён яке аз қувваҳои асосии ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад; он на танҳо нисбати «иттилоот» ё «ақидаҳо»-е истифода мешавад, ки дар ҷомеа муваффақона қабул мешаванд ё ҳамчун таваҷҷуҳи безарар ё нолоиқ баррасӣ мегарданд, балки нисбати онҳое низ истифода мегардад, ки ба ваҷд меоранд, озурда месозанд ё давлат ва ё қисми аҳолиро нигарон мекунанд. Ин шартҳо махсусан барои он муҳиманд, ки ба матбуот дахл доранд. Бар дўши воситаҳои ахбори омма уҳдадории паҳн намудани иттилооту ақидаҳое гузошта шудааст, ки ба масоили манфиати ҷамъиятидошта марбутанд. Ин вазифаи воситаҳои ахбори оммаро ҳуқуқи ҷомеа ба гирифтани иттилооти зарурӣ ҳамроҳӣ менамояд.[1]
Вобаста ба пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон, ИКОҲИ СММ Дастурамал оид ба мубориза бо COVID-19[2]-ро таҳияву нашр намуд. Дар он зикр мегардад, ки фаъолияти ВАО ва рўзноманигорон дар ин марҳилаи душвор рисолати махсус дорад - расонидани иттилооти воқеиву дақиқ ба ҳар як инсон, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ба камбудиву мушкилоти мавҷуда, ки барои ин таъмини паҳнсозии иттилоот дар шаклҳои дастрас ва бо забонҳои фаҳмо муҳим аст. «Рўзноманигорон ва ВАО бояд барои хабар додан оид ба пандемия имконият дошта бошанд, аз ҷумла, бидуни ягон тарсу сензура аз ҳукумат интиқод намоянд»,- зикр шудааст дар дастурамал.
Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет бо нигаронӣ аз маҳдудиятҳои ба роҳ мондаи баъзе давлатҳо нисбати ВАО-и мустақил зикр намуд, ки озодона паҳн кардани иттилоот барои мубориза бо COVID-19 ҳаётан муҳим аст. «ВАО-и мустақил дар дилхоҳ давру замон зарур буданд, вале мо ҳеҷ гоҳ ба онҳо тавре ниёз надоштем, ки дар марҳилаи пандемия дорем, вақте бисёр одамон аз бемор шудан ё маҳрум гардидан аз воситаҳои зинда мондан метарсанд. Иттилооти муътамаду дақиқ барои ҳамаи мо ҳаётан зарур аст. Ҳоло на вақти гунаҳгор кардани онҳоест, ки дар бораи навгониҳо хабар медиҳанд. Ба ҷои таҳдид ба журналистону фишор барои танқид давлатҳо бояд баррасиҳои созандаи вобаста ба пандемия ва пайомадҳои онро васеъ намоянд. Одамон ҳуқуқ доранд дар қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо дахл дорад, иштирок намоянд ва ВАО-и мустақил барои ин воситаи зарурӣ маҳсуб меёбанд. ВАО-и мустақил барои кормандони тиббӣ ва коршиносон имконият фароҳам меоранд, то озодона изҳори назар ва бо якдигар, умуман бо ҷомеа табодули иттилоот намоянд»,- зикр намуд ў[3].
Қабул ва ба ҳукми қонун даромадани ин тағйиротҳо метавонад вазъи бе ин ҳам мушкили озодии суханро дар кишвар бад созад, сонсур ва худсонсуриро миёни идораҳои ВАО, рўзноманигорону ҳимоятгарони ҳуқуқ афзоиш диҳад, инчунин дастрасии аҳолиро ба иттилоот оид ба паҳншавии бемориҳои хатарнок маҳдуд намояд, дар ҳоле ки шаҳрвандон ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот дар бораи сатҳи беморшавии аҳолӣ ва омилҳои ба саломатии онҳо таъсиррасонро доранд.
Тағйиротҳо метавонанд чун баҳона барои таъқиб ва ба ҷавогарӣ ҷалб кардани на танҳо ВАО ва рўзноманигорон, балки фаъолони ҷамъиятӣ низ барои паҳн намудани иттилооте, ки шояд ҳамчун иттилооти дидаву дониста бардурўғ тафсир шаванд, хизмат намоянд.
Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва фаъолони шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»
Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)
ФҶ «Нотабене»
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»
ФҶ "Ташаббуси ҳуқуқӣ"
ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»
ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”
ТҶ “Дунёи ҳуқуқ”
Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
ТҶ "Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон"
ТҶ "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"
Медиа-группа “Азия-Плюс”
ТҶ "Машварати расонавӣ"
ТҶ “Хома”
ТҶ “Апейрон”
ТҶ Мохи мунир
Раҷаби Мирзо, рўзноманигори мустақил
Аскар Турсунов, адвокат
Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигори мустақил
Ҷамшед Маъруф, рӯзноманигори мустақил
ҶДММ “Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон”
ИА «Авеста»
Мехрангез Турсунзода, рўзноманигор
Аъзам Акбаров, рўзноманигор
Одил Нозир, сардабири рӯзномаи «Тоҷикистон»
Рамзия Мирзобекова, рўзноманигор
Хилватшох Махмуд, рўзноманигор
Нигора Бухаризаде, рўзноманигор
ТҶ "Ташаббуси шаҳрвандӣ барои сиёсати Интернет"
[1] Кумита оид ба ҳуқуқи инсон. Мулоҳизоти низоми умумии №34. Моддаи 19. Озодии ақида ва изҳори он. CCPR/C/GC/34.