Новость

Синоним
news

Гузориши алтернативии факултативии Ташкилотҳои ҷамъиятӣ масъалаҳои риояи ҳуқуқҳои занони аз маҳбас озодшударо дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад

ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва намояндагии Институти ҳамкориҳои байналмиллалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар ҶТ оид ба муаррифӣ ва баррасии Гузориши алтернативии факултативӣ оид ба татбиқи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, алалхусус риояи ҳуқуқҳои занони аз маҳбас озодшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар гузарониданд.

Варақаҳои роҳнамои барқарорсозии мавқеи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодгашта ба табъ расидаанд

Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» роҳнамо – варақаҳоро барои шахсони аз маҳбас озодшуда таҳия намудааст. Варақаҳо маълумотро дар бораи хизматрасонии ройгон барои чунин категорияи одамон дар 10 минтақаи мамлакат, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Панҷакент, Қурғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Восеъ ва Ҷайҳунро дарбар мегиранд.

Subscribe to Новость